Истиқлолият неъмати бебаҳо ва беназири ҷомеаи муосири мо мебошад. Талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳ шинохта шуд. Маҳз истиқлолият ба мо озодии миллӣ дод. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намуд. Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Дар доираи омодагӣ ва ҷараёни корҳои созандагиву ободони бахшида ба ҷашни бузурги давлатӣ таҳти шиори 1300 рузи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд. Дар ин раванд дар ноҳияи К. Мастчоҳ низ зиёда аз 80 иншоотҳои гуногун бунёд мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.12.1995 сол таҳти №72 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчун ноҳияи мустақил таъсис дода шудааст. Ноҳияи мазкур то ин вақт тобеи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд қарор доштааст. Сипас моҳи августи соли 1996 суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъсис дода шуда, санаи 08.08.1996 сол нахуст марҳум Қосимов Ҳотамбек ба вазифаи судя ва соли 2000 раиси суди ноҳия таъин гардида, мавсуф дар ин вазифа то санаи 13.08.2012 сол фаъолияти хеле пурсамар намуда, бо сари баланд ба нафақа баромадаст. Мардуми ноҳия то ҳануз аз хислатҳои нек ва адолатпарварии марҳум ёдовар мешаванд. Қосимов Ҳотамбек моҳи марти соли 2019 дар сини 71 солагӣ олами ҳастиро тарк намудааст.
Бояд қайд намуд, ки моҳи апрели соли 2010 кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул шуд. Тибқи талаботи кодекси мазкур иҷозати ҳабси пешакии гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон ба зиммаи судҳо вогузор карда шуд. Аз сабаби он, ки судя қарор дар бораи додани иҷозати ҳабси гумонбаршудагон ё айбдоршаванда қабул намояд, ӯ дигар ин парвандаи ҷиноятиро дар оянда баррасӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ судҳое, ки як ҳайата буданд, пас аз қабули кодекси мазкур воҳиди корӣ зиёд гардида як нафар судя илова карда шуда, минбаъд раиси суд ва судя фаъолият менамояд. Соли 2010-2011 дар суди ноҳии Кӯҳистони Мастчоҳ марҳум Амонзода Аскар (Амонов А) ва соли 2011-2012 Назариён Абдураҳим (Абдуназаров А) ҳамчун судя фаъолият намудаанд.
Ҳамзамон дар суди ноҳия аз лаҳзаи таъсиси он якчанд нафар аз ҷумла Гулов Хайём Ҳасанович ба сифати котиби маҷлиси судӣ ва пристави суд, Ашуров Наврузмаҳмад ба сифати иҷрочии суд, Ғафуров Саидҷон ба сифати котиби суд ва иҷрочии суд, Назаров М.ба сифати котиби суд фаъолият намуда будаанд ва дар айни ҳол онҳо дар дигар корхонаву муассисаҳо фаъолият мебаранд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.08.2012 сол ман-Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон ба вазифаи раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин гардида то ҳол дар ин вазифа адои вазифа намуда истодаам. Солҳои 2012-2015 Назарзода Даврон Қувват ва солҳои 2015-2020 Ҳоҷизода Саъдӣ Ҳодӣ дар вазифаи судяи суди ноҳия фаъолият намудаанд.
Дар суди ноҳия Шафизода Насим Набӣ аз соли 2000 дар вазифаҳои котиби маҷлиси судӣ,ёрдамчии раиси суд ва аз соли 2015 то инҷониб ҳамчун пристави судӣ фаъолияти пурсамар мебарад. Инчунин Навруззода Беҳруз Ҳидоят ва Мирзозода Фаррух Мирзо ба сифати котибони суд адои вазифа менамоянд.
Тазаккур бояд дод, ки дар суди ноҳия зиёда аз бист сол мебошад, ки Мухторов Мухтор ба сифати посбон фаъолияти самарабахш мебарад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронунии маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишотӣ, пешниҳоди иҷрочиёни хадамоти иҷро,НКИ СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандон баррасӣ карда мешаванд. Баробари ин суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо вогузории суди вилояти Суғд аз соли 2012 то инҷониб теъдоди зиёди парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавии судҳои шаҳри Панҷакент, Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуровро дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ менамояд. Барои саривақт, босифат таҳия ва омода намудани протоколҳои маҷлиси судӣ, ташкили мурофиа бо роҳи таъмини иштирокиёни мурофиаи судӣ чӣ дар суди ноҳия ва чӣ дар судҳои сайёр дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пристави суд Шафизода Н.Н., ва котиби суд Навруззода Б.Ҳ.саъю кушиши намуда, дар ин самт фаъолияти пурсамар мебаранд.
Ҳамзамон суди ноҳия баробари баррасии парвандаҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо бо роҳи қабули таъинотҳои хусусӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи 25-ум солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016 сол Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи К.Мастчоҳ ташриф оварда будаанд ва барои кормандони соҳаҳои мухталиф як бинои истиқоматии дуошёнагӣ иборат аз 16 манзили зист дар маркази нави ноҳия, аз ҷумла ба суди ноҳия як адад хонаи истиқоматии барҳаво, дорои тамоми шароитҳо барои зиндагӣ тақдим карда шуд.
Боиси хурсанди ва сарфарозии кормандони суди ноҳия мебошад, ки дар арафаи 28 -ум солгарди Истиқлолияти Давлатӣ яъне санаи 20.08.2019 сол бинои нави суди ноҳия аз ҷониби Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои тамоми шароитҳо барои фаъолияти бомарори суди ноҳия хоҳад буд. Ин дастгириву ғамхорӣ мо кормандони суди ноҳияро руҳбаланд намуда барои масъулияти бештар муваззаф менамояд. Илова бар ин дар маркази нави ноҳия боз якчанд адад корхонаву муассисаҳо аз ҷониби Пешвои миллат ҳусни оғоз гардид. Роҳҳои маркази ноҳия мумфарш карда шуд. Дар маҷмуъ бо шарофати Пешвои миллат маркази ноҳия сол аз сол ранги дигар гирифта ба шаҳраки ободу зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст.
Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо таъкид мекунанд, ки имруз аз файзи баракати истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон дар шоҳрохи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрузу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.
Ҳамаи ин созандагиву ободкорӣ дар солҳои истиқлолият ба вуқуъ пайваста аз ғамхории бевоситаи Пешвои миллат дарак медиҳад ва имруз мо бояд барои ҳифзу таҳкими таъкидҳои сардори давлат оид ба сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва таҳкими қонуният талош варзем.
Бояд кайд намуд,ки соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлолияти давлатӣ мебошад ва дар саросари Ҷумхурии Точикистон омодаги ба ин чашни пуршукух бо маром идома дорад.
Хар як фарди механдусту ватанпарвари Точикистон Истиклолияти давлатиро, ки бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллӣ мебошад чун гавҳараки чашм ҳифз намуда баҳри гулгулшукуфии ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Иноятулло ҒУЛОМЗОДА
Раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ