Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ (Мақолаи илмӣ бахшида ба муносибати 31- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид намудаанд “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.” Воқеан, Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлат дар асоси принсипҳои сохибистихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагӣ муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёдӣ корҳои давлатдорӣ таҳким ёфт.

Мавқеи асосиро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил додаанд, ба хусус Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуд. Зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад.

Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шудаанд, боз ҳам баҳри такмили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардиданд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5). Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимияи давлатиро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қуонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад» (м.9). Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.

 Ба муносибати 31‑солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон бо итминон гуфт, ки Конститутсия ҳамчун кафили субот, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва рушди давлатдории миллӣ хизмат мекунад. Давлат ва ҷомеа вазифадоранд, ки ба иҷрои дақиқи меъёрҳои он содиқ бошанд ва барои таҳкими арзишҳои конститутсионӣ талош намоянд.

            Ҳамин тавр, дар давоми 31 соли қабул ва амали Конститутсия ба таҳкими асосҳои давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуд. Ба шарофати он низоми ҳуқуқӣ такмил ёфт, пояҳои давлатдории миллӣ мустаҳкам гардиданд, ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд кард, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон беҳтар гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад.

Пристави суди ноҳияи

Куҳистони Мастчоҳ                             Мирзозода Фаррух Мирзо