Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти Давлатӣ барои давлати соҳибистиқлол қабули қонуни парчаме лозим буд, ки барои нишони озодиву мустақилияти ватани азизамон бошад.
Дар ин радиф дар Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи қабули Парчами давлатии Тоҷикистон баррасӣ карда шуда санаи 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст.
Тибқи низомнома дар бораи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Парчам аз се ранг иборат буда дар мобайни он бо зарҳал рамзи тоҷ ва ҳафт ахтар дар шакли нимдоира аз болои он акс ёфтааст.
Ранги аввал ранги сурх буда, рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол мебошад. Ранги мазкур ҳамрадифи суруди миллии Тоҷикистон аст.
Ранги сафед ин нишони бахту саодат,умеду орзу, ранги сабз бошад, нишонаи сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.
Санаи 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида дар як қисми қонун тамоми масъалаҳои марбут ба муносибат ба Парчами давлатии Тоҷикистон, барафрохтан ва ҷойҳои доимо барафрохташаванда баён гардидааст.
Инчунин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» иловаҳо ворид карда шуда, санаи 24- уми ноябр яъне қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рузи ид дарҷ карда шудааст ва бо ҳамин баробари дигар идҳо ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Дар таърихи 24 ноябри соли 2010 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази пойтахт шаҳри Душанбе сохтмони бунёди Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз гардида Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар майдони бунёди Парчами давлатии Тоҷикистон гузошта ба сохтмони он оғози расми бахшиданд. Баландии пояи ин Парчам ба 165 метр, баландии худи парчам 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.
Санаи 30 августи соли 2011 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Парчами Тоҷикистон бо тантана доир шуд.
Ҳамватанони азизу арҷманд,ҳамаи Шуморо бо рузи Парчами Давлатӣ табрику таҳният намуда бароятон парафшонии абадии Парчами Тоҷикистони азизро таманно дорам.
Раиси суди ноҳияи
Куҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломзода