МАҶЛИСИ ДОХИЛИИДОРАВӢ БАХШИДА БА РУЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ 26.10.2021

 

Санаи 26 октябри соли 2021 дар  бинои суди ноҳия маҷлис доир гардида раиси суд Ғуломзода И.Ш. кормандони судро ба муносибати Рузи кормандони мақомоти судӣ табрик намуда қайд  намуд,ки  адолати судиро  дар  кишвар судҳо  амалӣ  менамояд ва ҳуқуқу  озодиҳои инсону шаҳрванд,манфиати давлат,ташкилоту  муассисаҳо, қонунияту адолатро  ҳифз менамояд. Ҳамзамон барои  таҳкими истқлолияти  давлатӣ, пешрафти ҷомеа ва  густариши равандҳои демократӣ нақши муҳим  дорад.

Санаи 02.01.2018  сол  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  бораи рузҳои  ид тағйирот  ворид  гардида, минбаъд ҳар  сол  санаи 26 октрябр Рузи  кормандони мақомоти судӣ ҷашн гирифта мешавад. Қаблан  тибқи қонуни мазкур ҳар якшанбеи дуюми моҳи  октябр Рузи кормандони адлия ва суд  буд.

Иноятулло Ғуломзода дар баромади  худ ҷайд намуд, ки   маҳз бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.12.1995 сол таҳти №72 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчун ноҳияи мустақил таъсис дода шудааст. Ноҳияи мазкур то ин дам тобеи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд қарор доштааст. Сипас моҳи августи соли 1996 суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъсис дода шуда, санаи 08.08.1996 сол нахуст марҳум Қосимов Ҳотамбек бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун судя ва соли 2000 раиси суди ноҳия таъин гардида мавсуф дар ин вазифа то санаи 13.08.2012 сол фаъолияти хеле пурсамар намуда, бо сари баланд ба нафақа баромадаст. Мардуми ноҳия то ҳануз аз хислатҳои нек ва адолатпарварии марҳум ёдовар мешаванд. Қосимов Ҳотамбек моҳи марти соли 2019 дар сини 71 солагӣ олами ҳастиро тарк намудааст.
Ҳамзамон дар суди ноҳия аз лаҳзаи таъсиси он якчанд нафар аз ҷумла  судяҳо  марҳум Амонзода Аскар  Назариён Абдураҳим , Назарзода Даврон Қувват ва Ҳоҷизода Саъдӣ Ҳодӣ ,  Гулов Хайём Ҳасанович ба сифати котиби маҷлиси судӣ ва пристави суд, Ашуров Наврузмаҳмад ба сифати иҷрочии суд, Ғафуров Саидҷон ба сифати котиби суд ва иҷрочии суд, Назаров М.ба сифати котиби суд фаъолият намуда будаанд ва дар айни ҳол онҳо дар дигар корхонаву муассисаҳо фаъолият мебаранд.
Дар суди ноҳия Шафизода Насим Набӣ аз соли 2000 дар вазифаҳои котиби маҷлиси судӣ,ёрдамчии раиси суд ва аз соли 2015 то инҷониб ҳамчун пристави судӣ фаъолияти пурсамар мебарад. Инчунин Навруззода Беҳруз Ҳидоят ва Мирзозода Фаррух Мирзо ба сифати котибони суд адои вазифа менамоянд.
Тазаккур бояд дод, ки дар суди ноҳия зиёда аз бист сол мебошад, ки Мухторов Мухтор ба сифати посбон фаъолияти самарабахш мебарад.
Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи 25-ум солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016 сол Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи К.Мастчоҳ ташриф оварда будаанд ва барои кормандони соҳаҳои мухталиф як бинои истиқоматии дуошёнагӣ иборат аз 16 манзили зист дар маркази нави ноҳия, аз ҷумла ба суди ноҳия як адад хонаи истиқоматии барҳаво, дорои тамоми шароитҳо барои зиндагӣ тақдим карда шуд. Инчунин ба  муносибати 28 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20.08.2019  аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои суди ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода  шуд, ки дар бинои хуштарҳу замонавӣ кормандони суд фаъолияти пурсамар  мебаранд.

Дар фарҷоми маҷлис раиси    суд    фаъолияти  ҳар як корманди суди ноҳияро мусбӣ  арзёбӣ  намуда, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо бурдбориҳои беназир таманно намуд. Ҳамзамон кормандони суд   барои фаъолияти пурсамар бахшида ба иди касбӣ бо  сипосномаҳои суди ноҳия сарфароз гардонида шудаанд.