ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАХОҲЕМ ДОД

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз дар кишвари мо ба рушди босуботу пешрафти иқтисодиёт, фарҳангу маориф, илму техника диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Ҳамаи ин муваффақиятҳо ва дастовардҳои пайваста ба сулҳу субот ва оромии кишвар сахт бастагӣ дорад, ки ба шарофати ҷонбозиҳои фарзонафарзандони Ватан ба даст омадаанд.

Маҳз Ваҳдат ва суботи ҳамешагӣ аст, ки сол то сол бештар аз пештар дар тамоми соҳоти кишвар дастовардҳои назаррасу бесобиқа ба чашм мерасанд.

Ин талоши пайгирона ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда, фароҳамсозии шароит барои ободкориву бунёдкорӣ моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз хушбин месозад.

Бояд гуфт, ки бавежа чанд соли охир барои мардуми сарбаланди кишвари азизи мо соли дастовардҳои бузург буд, аммо мутаассифона, бадхоҳони миллату давлати мо пешравию гул-гулшукуфоии Тоҷикистонро намехоҳанд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол халал эҷод кунанд.

Ба он воқеаҳое, ки дар кишвари азизамон ба амал меоянд, баҳои муғризона дода, мардумро ба иғво даъват мекунанд.

Сулҳу суботи кишвар олитарин дастоварди миллат дар ҳар давру замон аст. Ҳимояи сулҳ ва осмони софу беғубори Ватан ба иттиҳод ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ва сарҷамъии сокинон сахт вобаста аст. Бинобар ин мо бояд бештар аз пештар масъулият эҳсос кунем, ба тарбияи миллӣ-ватандӯстии насли наврас эътибори ҷиддитар диҳем. Ватан муқаддас аст ва ҳифзи марзу бум, сулҳу субот ва оромии он вазифаи ҷонии ҳар фарди банангу ори мост.

Мусаллам аст, ки дониш барои насли наврас омили нахустини дунёшиносиву огоҳӣ, қадам бардоштан дар ҷодаи ибтикорҳо, масъулиятшиносӣ, дарки амиқ, талоши бомаврид ба хотири худу ҷомеа, иродат ба қонун, бо шеваи некбинона назар кардан ба зиндагӣ, арҷ гузоштани инсон ва ҷойгоҳи он дар ин замони моҷароҳову бархурдҳои диниву мазҳабӣ ва, дар маҷмуъ сохтани тафаккури растагорӣ дар худ аст ва мардуми сарбаланди мо ин нуктаҳоро ба хубӣ дарк карда зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст нахоҳанд дод.

 

Иноятулло ҒУЛОМЗОДА,
Раиси Суди Кӯҳистони Масчоҳ