ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ

   Ваҳдат ва суботи сиёсӣ аз неъмати бебаҳо ва беназири Тоҷикистони муосир мебошад. Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз дар кишвари мо ба рушди босуботу пешрафти иқтисодиёт, фарҳангу маориф, илму техника диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ҳамаи ин муваффақият ва дастовардҳои пайваста аз сулҳу субот ва оромии кишвар сарчашма мегирад. Ваҳдати миллӣ аст, ки сол то сол бештар аз пештар дар тамоми соҳоти кишвар дастовардҳои назаррасу бесобиқа ба чашм мерасанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб ба ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Хушбахтона, баъди расидан ба Ваҳдату ҳамдилӣ самараҳои Истиқлолият рӯз то рӯз меваҳои шаҳдбори муваффақиятҳоро ба бор меовард ва дар сохтори суди кишвар низ дигаргуниву пешрафтҳои назаррас ба амал омаданд.

Аввалин қадами Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ҷиҳати ба ҳам овардану таъмини сулҳу субот гуфтушунид ва музокираҳои сершумор бо мухолифини давлат буд. Ин музокирот дар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла борҳо дар сарзамини Афғонистон, ки ҷанг давом мекард, сурат гирифт.

Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азму талош дорад, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созад ва ҳамаи нақшаву барномаҳо маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ мешаванд.

Мо бояд ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ намоем, то дар оянда давлати мо боз ҳам нерӯманд гардад.

Аминам, ки хизмати бебаҳои фарди бузурги миллатамон Пешвои миллат дар саҳифаҳои таърихи мо бо ҳарфҳои заррин сабти ҷовидон хоҳад ёфт.

Муҳимтарин хидмати Пешвои миллат даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ, ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, аз хатари парокандагӣ раҳонидани кишвар, ҷорӣ намудани низоми мукаммалу муосири давлатдории миллӣ мебошад. Имрӯз маҳз ба туфайли сулҳу оромӣ дар кишвар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ даст дода, сатҳи некӯаҳволии халқ куллан беҳтар гардидааст.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои хуб ба даст оварда шуданд.

Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои кишвари азизамон бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинон ва меҳмонон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, бешак, ин ҳама аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар шаҳру навоҳии мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро «шаҳри гулҳо» ном гузоштаанд.

Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд. Ин ҳама музаффариятҳо неъмати бузургест, ки ба шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз ба даст омадааст. Мо, фарзандони ин сарзамини биҳиштосо муваззаф ҳастем, ки ин неъматро ҳифз намоем ва Ватанро ба муваффақиятҳои нав ба нав бирасонем.

РАИСИ  СУД                                      Иноятулло ҒУЛОМЗОДА