ПАЁМИ ТАБРИКӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН!

 Модар, ки офарандаи ҳаёт,тарбиятгари  наслҳо,ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба  роҳи нек  ва  пойдории оила мебошад,санаи 8 март тибқи Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн  гирифта  мешавад .

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар  он ифода меёбад,ки ӯ чароғи  хонадон,идомадиҳандаи насл,тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи  забон,таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Имрӯз нақши занону бонувони кишварамон дар баробари вазифаи  модариашон боз дар ободии Ватан, сулҳу субот таъмини пешрафти давлат,  арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, хеле назаррас буда, ин рисолати бузургро бо камоли масъулият иҷро мекунанд, ки боиси лутф мебошад.

Мавриди зикр  аст, ки як  қатор фармонҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамзамон нақшаву барномаҳои давлатӣ барои  баланд  бардоштани мақом ва нақши  зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону  занон  ва  оид  ба  масъалаҳои тарбия,  интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои  роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат  аз ҷумлаи  иқдомоте мебошад, ки онҳо  барои  таҳкими мақоми зан  дар ҳаёти  иҷтимоии  кишвар, беҳтар  шудани вазъи намояндагӣ ва  фаъолияти  онҳо дар  раванди идоракунии  давлат такон бахшидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар дарҷ намудаанд, ки  “Мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ўро қадр намоем».

Дар  васфи  модар Устод Лоиқ чунин  фармудааст:

 

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.

Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,

Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.

 

Модарону хоҳаронро  ва кулли бонувони азизи Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи Модарон аз самими қалб табрику таҳният намуда, бароятон саломатии бардавом, умри  дарози  бобаракат, ҳаёти  пур  аз  муҳаббати илҳомбахш,  саодати  рӯзгор ва  шодиву хушбахтӣ дар  хонадони Шумо орзумандам!

 

Бо эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Иноятулло Ғуломзода