РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!

 

 

    Ҳамдиёрони азиз бо  камоли эҳтиром  Шуморо бо  29 -умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои​ Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборакбод  менамоям!

Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат оид ба пурзӯр намудани иқтидори ҳарбӣ,ки таъминкунандаи асосии суботи кишвар мебошад бисёр диққати аввалиндараҷа доданд ва санаи 23феврали соли 1993 артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис доданд,ки барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ нақши калидӣ дошт. Имрўз  Қувваҳои Мусаллаҳи​ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва  сулҳу суботи кишвар  ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд буда барои осоиштагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо дорад. Афсарону сарбозони шуҷои  кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ мебошанд ва вазифаи  фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу Давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд.

Бояд ҳар як фарди меҳандӯсти Тоҷикистон барои ҳифзи Ватан дар баробари афсарону аскарони қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода бошем!

ИД МУБОРАК !

Раиси суд                        Иноятулло     Ғуломзода