ПРЕЗИДЕНТИ МО ИФТИХОРИ МО!
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Сарчашмаи таърихии ин ид иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва моҳи ноябри соли 1994 мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шуруъ намудаанд. Иҷлосияи мазкур дар таърихи навини Тоҷикиситон ҳамчун рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлат боқӣ мондааст. Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент аз соли 1994 дар таърихи навини Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияту заҳматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ дар самти ободиву сулҳи Ватан имрӯз ватани азизамон бо суръати баланд рушд карда истодааст. Тавре ба мардум изҳор намуда будаанд, ба Тоҷикистон сулҳ оварданд.
Маҳз бо матонату иродаи Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст,ки Тоҷикистон дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳои беназир муяссар гардид. Давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи худро пайдо кард. Новобаста аз он,ки ба истиқлолияти давлатӣ ҳамагӣ 30 сол сипарӣ гашта бошад ҳам аммо таҳлилҳои сиёсӣ нишон медиҳад,ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷиҳати иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамчун давлати зудташаккулёфта шинохта шуд.Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид як овоз пайдо кард. Давлату халқи Тоҷикистон маҳз тавассути Пешвои Миллат шинохта шуд. Якчанд пешниҳодоти Роҳбари давлат,ки дар минбари СММ маърӯза намудаанд аз ҷониби намояндаҳои кулли ин созмон дастгирӣ ёфт.
Дар давоми Роҳбарии Пешвои Муаззами Миллат сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба низоми ҳуқуқӣ даромад. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассосу вазнинии ҳолати дохилии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ки он дар низоми давлатҳои мутараққии ҷаҳон мақоми намоёнро ишғол намуд. Дар ин давра якчанд маротиба қонунҳои авф ва санади бахшиши ҷазо қабул карда шуд,кодексҳои давраи ҳукумати Шӯравӣ аз эътибор соқит ва кодексҳои нави давлати мустақил қабул карда шуд. Ҳамзамон якчанд қонунҳои дигари соҳаҳои гуногун қабул гардид.
Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Тоҷикистон марҳила ба марҳила дар ҳамаи самтҳо аз ҷумла дар соҳаи имлу техника, иктисод, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ,иҷтимоиву фарҳангӣ ва ғайраҳо бо суръат рушд кард.
Ҳамватанони гиромӣ,ҳамаи Шуморо бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда,ба хонадони ҳамаи шумо сулҳу субот,саодати рӯзгор,ҳаёти пур аз муҳаббати илҳомбахш ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таҳти роҳбарии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таманно дорам!
Раиси суди ноҳияи
Куҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломзода