Ҳамватанони гиромӣ!
Бо арзи эҳтиром ҳамаи Шуморо бо фарорасии иди баҳориву меъросии ниёгон-Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният намуда, ба Шумо ва аҳли пайвандонатон умри дароз, саломатии бардавом,хушбахтии беинтиҳо,ҳаёти пур аз муҳаббати илҳомбахш,хонаободи,саодати рӯзгор ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сиёсати тамаддунпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Наврӯз ва оинҳои он ҷони тозае ато намуд. Иди Наврӯз ҷашни саршор аз шарофату шафоат ва файзу баракат аст.
Навруз бо баробар гаштани рӯзу шаб фаро мерасад ва онро мардуми тоҷик аз қадим ҳамчун иди соли нав,ҳаёти нав ва умеди орзуҳои нав ҷашн мегирифтаанд.
Ҷашни наврӯз ёдгори барҷаста ва зиндамондаи мардуми оринажод аст, ки собиқаи беш аз панҷ ҳазор сола дорад ва яке аз ҷашнҳои куҳани ҷаҳон ба шумор меравад.
Дар замони муосир шоирон дар бораи наврӯз хеле шеърҳои зиёд менависанд, ки имрузҳо дар тамоми чорабиниҳо садо медиҳад. Шоирони садаҳои 10-11 низ дар васфи Наврӯз, Меҳргон ва Сада шеърҳо менавистанд. Мардуми куҳан ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рубучин намуда, тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас сабзонида, ба рӯи дастархон мегузоштанд ва омади кишти деҳқониро аз рӯи ҳолату сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд.
Барои истиқболи ин ҷашн таомҳо, ҳалвою шиириниҳои гуногун пухта мешуд. Хонҳои наврӯзиро бо ҳафт навъи мева, самбусаю нонҳои гуногун оро медоданд ва аз ҳафт дарахти мева ҳафт шохча бурида,рӯи дастархон мениҳоданд.
Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст. Кишвари мо Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад»
Наврӯз муборак !
Бо эҳтиром,
РАИСИ СУД ИНОЯТУЛЛО ҒУЛОМЗОДА