МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РУЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР БИНОИ МИҲМД 25.10.2021

Санаи 25 октябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи  бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба  Рузи касбии кормандони Мақомоти судӣ ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомад  раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, раиси суди ноҳия Иноятулло Ғуломзода, кормандони суд ва дигар масъулину фаъолон иштирок доштанд. Нахуст Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба сухан баромада, кормандони судро ба муносибати рузи касбиашон, ки ҳар сол санаи 26 октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик намуда, таъкид кард,ки -Ҳокимияти  Судӣ як шохаи мустақили давлат буда, нақши он дар таҳкими адолату баробарӣ ва пойдории давлат ва муҳим ва назаррас мебошад. Дар идомаи суханронӣ Раиси суди ноҳия аз фаъолияти пурсамари кормандони суди ноҳия ҳанўз аз оғози таъсисёбии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ  ёдовар шуда, иброз дошт, ки саҳми кормандони  суди ноҳия дар барқарорсозии адолати иҷтимоӣ, баррасии одилонаи парвандаҳо, муносибати онҳо бо мардум ва риояи тартиби интизоми кории кормандони Мақомати  судиро хуб арзёбӣ кард. Сипас прокурори ноҳия Ҳасанзода  Аббос кормандони судро ба рӯзи касбии кормандони мақомоти суд  табрик намуда, оиди нақши мақомоти судӣ дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар кард.

 

Раиси суд Иноятулло Ғуломзода иброз намуд, ки ҳокимияти судӣ як шохаи мустақили давлатӣ  ва пурмасъулият мебошад, инчунин дар идома бобати дастгирии ҳамарӯза аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, баён дошт, ки дар заминаи иҷрои масъулияту вазифаҳои ба душ доштаамон баҳри баланд бардоштани адолати судӣ, волоияти қонун, таҳкими қонуният  ва барои пешрафту ободонии кишвари азизамон саҳми хешро мегузорем.

Ҳамчунин барои саҳми арзанда дар таҳкими адолати судӣ ва иҷрои масъулиятҳои ба душ дошатаошон ва бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба раиси суд ва дигар кормандони суди ноҳия ифтихорнома  ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 20 августи соли 2019 бо иштироки  Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон бинои  суд  иборат аз ду ошёна мавриди баҳрабардори қарор дода шуда, айни замон кормандони суд  дар бинои хуштарҳу замонавӣ кору фаъолият намуда истодаанд.