Санаи 16.11.2021 сол Раиси Cуди ноҳия Иноятулло Ғуломзода дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон,ки дар толори МИҲД нохияи Куҳистони Мастчоҳ доир гардид иштирок ва ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи зебо ва фароҳамбахш табрику таҳният намуда доир ба талошхои пайваста ва заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзахои оғози сари қудрат шуруъ намуданашон суханронӣ намуд.
Иноятулло Ғуломзода қайд намуд, ки Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияту заҳматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ дар самти ободиву сулҳи Ватан имрӯз ватани азизамон бо суръати баланд рушд карда истодааст. Тавре ба мардум изҳор намуда будаанд, ба Тоҷикистон сулҳ оварданд.
Маҳз бо матонату иродаи Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст,ки Тоҷикистон дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳои беназир муяссар гардид. Давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи худро пайдо кард. Новобаста аз он,ки ба истиқлолияти давлатӣ ҳамагӣ 30 сол сипарӣ гашта бошад ҳам аммо таҳлилҳои сиёсӣ нишон медиҳад,ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷиҳати иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамчун давлати зудташаккулёфта шинохта шуд.Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид як овоз пайдо кард. Давлату халқи Тоҷикистон маҳз тавассути Пешвои Миллат шинохта шуд. Якчанд пешниҳодоти Роҳбари давлат,ки дар минбари СММ маърӯза намудаанд аз ҷониби намояндаҳои кулли ин созмон дастгирӣ ёфт.
Дар давоми Роҳбарии Пешвои Муаззами Миллат сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба низоми ҳуқуқӣ даромад. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассосу вазнинии ҳолати дохилии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ки он дар низоми давлатҳои мутараққии ҷаҳон мақоми намоёнро ишғол намуд. Дар ин давра якчанд маротиба қонунҳои авф ва санади бахшиши ҷазо қабул карда шуд,кодексҳои давраи ҳукумати Шӯравӣ аз эътибор соқит ва кодексҳои нави давлати мустақил қабул карда шуд. Ҳамзамон якчанд қонунҳои дигари соҳаҳои гуногун қабул гардид.
Бояд тазакур дод, ки диққати Пешвои миллат тули солҳои роҳбариашон ба инкишофи мақомоти судӣ низ хеле зиёд ба назар мерасад.
Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Тоҷикистон марҳила ба марҳила дар ҳамаи самтҳо аз ҷумла дар соҳаи имлу техника, иктисод, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ,иҷтимоиву фарҳангӣ ва ғайраҳо бо суръат рушд кард.
Иноятулло Ғуломзода дар фарҷоми сухани худ ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳар як фарди Тоҷикистонӣ бояд аз ин фарзонафарзанди миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ифтихор намуда,қадру заҳматҳои Пешвои миллатро донему арч гузорем!