ҲИДОЯТНОМАИ ФАРДОИ БОСАОДАТ

Дар низоми давлатдории муосири тоҷикон Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар хуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву фарҳангӣ буда, раҳнамои давлатдории миллӣ шинохта шудааст.

Паёми Пешвои миллат яке аз рӯйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад. Зеро ин санади сарнавиштсоз кору фаъолияти ҳар яки моро дар бахшҳои мухталиф ба намоиш мегузорад ва самту роҳи расидан ба зинаҳои наву баландтари рушдро бароямон равшан месозад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи ин халқи соҳибтамаддун ва кишвари куҳанбунёд гардидаанд.

Ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш гузошта мешаванд, ки имрӯз моро ба ин марҳалаи шукуфову ободонӣ расониданд. Як ҷиҳати дурахшони ин паёмҳоро мехоҳам, махсус зикр кунам, ки хеле муҳим аст ва шояд яке аз омилҳои асосии иҷрои ин паёмҳо ва комёбиҳои кишвар маҳз ҳамин бошад. Ин ангезаҳои ватандӯстонаест, ки дар ҳар Паём, дар ҳар ҳарфи Пешвои миллат гуфта мешаванд ва моро рӯҳбаланду дилпур ба ояндаи босаодат мегардонад. Ҳар боб, ҳар ҷумла ва ҳар нуктаи Паёме, ки моҳи декабри соли 2019 ироа шуд, метавонад, барои сӯҳбату паҷӯҳиши доманадор мавзӯъ диҳад, аммо дар ҷамъбасти соли куҳан нуктаи аз ҳама ҷолиб барои банда дар Паёми мазкур ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маънавиёти мардуми тоҷик, рӯй овардан ба китобу китобхонӣ, мутолиаи осори бою рангини гузаштагонамон ва дар ин замина дар ҳар як коргоҳу муассиса таъсис додани китобхона буд, ки бевосита дар рушди маънавию ақлонии инсон нерӯи дубора мебахшад. Тавре Пешвои миллат таъкид доштанд: “Аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров нашр ва барои ҳар як оилаи тоҷик аз номи Роҳбари давлат тақдим карда мешавад” Боварӣ дорам, ки пешниҳоди ҷолиб ба эҳёи дубора ва шинохти таърихи гузаштаи тоҷикон замина гузошта, дар қаби насли ҷавону ояндасоз ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллиро афзун намуд.

Ҳамасола давом додани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» ва дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд ин худ таҷассумгари ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба соҳибилм ва соҳибкасб шудани наврасону ҷавонон мебошад. Сарвари давлат инчунин зимни суханронии худ оид ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эътибори ҷиддӣ дода, таъкид намуданд, ки «барои рушди ин фанҳо, бедор намудани қобилияти ихтироъкорӣ ва эҷодии хонандагон солҳои 2020-2040- ро бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон менамоям». Бо гузашти як сол мо мушоҳида мекунем, ки дар ин самт ҳам дар кишвар корҳои созандаву тадбирҳои судманд амалӣ шуданд. Ҷалби наврасон ба фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва риёзӣ талаби замон аст. Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи занону бонувон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.

Дар Паёми хеш бори дигар ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, зикр доштанд, ки баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа чораҳои заруриро амалӣ намуда, занону бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб шаванд. Фаъолияти бонуфузи занон дар тамоми соҳа ва сохторҳои давлатӣ гувоҳии таҳкими мақоми зан дар ҷомеаи муосири мост. Бояд гуфт, ки дар мақомоти судӣ низ имрӯз мутахассисони соҳибкасб, зан — судяҳо фаъолияти густурда доранд, ки боиси шодмонӣ ва ифтихор аст. Дар Паёми Сарвари давлат бурду бохти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимои кишвар бозгӯ ва азму ниятҳои нав барои талошҳои оянда ироа шуданд. Заҳмату талошҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аст, ки имрӯз кишвари мо дар масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, ки мушкили асосии мардуми сайёра мебошад, чун кишвари ташаббускор ва пешсаф шинохта шудааст.

Таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани некӯаҳволии мардум ва бо ин мақсад самаранок истифода бурдани обу замин, зиёд намудани истеҳсоли маводи ғизоӣ аз ҳадафҳои асосӣ арзёбӣ гардида, таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ аз ҳадафҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар дар солҳои оянда хоҳад буд. Тақвият башидани муаррифии маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар боиси рушди босуботи иқтисодиёти кишвар мегардад, ки ин нукта аз ҷониби Пешвои миллат таъкид шуд. Саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чаҳоруми страдегии давлат қарор гирифтааст. Дар Паём таъкид шуд, ки як сол барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ басанда нест, бинобар ин бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод шуд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шавад.

Ин пешниҳод аз ҷониби вакилони Маҷлиси Олии кишвар, фаъолону собиқадорони меҳнат хуш пазируфта шуд. Таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар ин замина баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ аз мавзӯъҳои калидие ба шумор мераванд, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа шуд. Бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ чун кафили сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсат ва фарҳанги ҷомеа, пойдории принсипҳои демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳамеша дар мадди назари Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Сарвари мамлакат ҳамасола дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳдошти хидматрасонии ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандиро таъкид намуда, баҳри беҳбудии рӯзгори халқ ва боло рафтани сатҳи зиндагӣ, амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегии мамлакат, волоияти қонун, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Мусаллам аст, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, риояи тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат мебошад. Чунон ки огоҳӣ дорем, соли 2018 бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон шуда буд, ки мо таъсири онро ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ бараъло эҳсос мекунем. Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад, боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.

Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамасола Президенти кишвар дар Паёми хеш ба масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Дар мавриди амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, зиёд мегӯянд. Дар ҳақиқат имрӯз терроризм ба амнияту суботи ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бинобар ин, чунон ки Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид мекунанд, сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла мақомоти судро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намоем ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия кунем. Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, чуноне Сарвари давлат иброз доштанд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад.

Дар Паёми хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати махсус зоҳир карда, ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимоди зиёд доранд ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоянд: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем. Пешвои миллат дар баробари эҳтироми забони давлатӣ забономӯзиро омили рушди босуботи тамоми соҳот арзёбӣ карданд. Дар ҳақиқат, забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сарчашма мегирад.

Имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти манфиат ва нақшаҳои дурнамои давлат на фақат бо рушду такомули забони давлатӣ мусоидат менамояд, балки барои омӯхтани забонҳои дигар имкониятҳо ба вуҷуд меорад. Бояд гуфт, ки давлат дар баробари арҷгузории забони модарӣ ба забонҳои дигари қаламраваш муносибати ғамхорона зоҳир менамояд. Дар ҷумҳурӣ беш аз даҳ забон амал дорад, вале пояи асосӣ ин донистани забони модарӣ аст. Ҳастии миллат, пеш аз ҳама, дар маънавиёту фарҳанг ифода меёбад. Агар халқ ё миллате дар саҳнаи таърих устувор монда бошад, аз муқаддас донистани забону фарҳанги хеш аст.

 

Иноятулло ҒУЛОМЗОДА,
Раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ